Рӯйдодҳои 27 ноябр дар ҷаҳон
Соли 1898 дар натиҷаи тундбоди барфӣ дар Ню-Йорк зиёда аз 450 нафар ба ҳалокат расид.
Соли 1895 Алфред Нобел васиятномаи худро имзо кард ва дороии ӯ ба Бунёди Ҷоизаи Нобел ворид шуд.
Соли 1950 ҳайати ҳукумати коммунистии Чин дар СММ ба ҳайси назоратчӣ иштирок намуд.
Соли 1966 дар таърихи футболи касбии америкоиҳо калонтарин ҳисоби бозӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки дастаи "Вашингтон" дастаи "Ню-Йорк"-ро бо ҳисоби 72:41 мағлуб кард.
Соли 1998 силсилаи бозиҳои компютерии ФИФА ба фурӯш бароварда шуд.
Рӯйдодҳои 27 ноябр дар Тоҷикистон
Соли 1940 Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон (Чкаловск)-и вилояти Суғд таъсис ёфт.
Соли 2013 дар шаҳри Исфара Ҳамоиши сармоягузории рушди шаҳри Исфара барпо гашт.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии "Хидматрасониҳои давлатӣ: дастрас ва босифат" баргузор гардид.
Соли 2015 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардид.
Соли 2016 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар кори Саммити оби Будапешт ба Венгрия сафар кард.
Соли 2017 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон Созишномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2016-2017 ба имзо расид.
Ҷашнҳои 27 ноябр
Дар Русия – Рӯзи қӯшунҳои баҳрӣ.
Дар Куба - рӯзи таърихӣ - Рӯзи бузургдошти донишҷӯёне, ки аз дасти Ҳукумати Испания ҳалок шуданд
Рӯзи 27-уми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?
Солҳои (1915-1945) – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмат Шарифов.