Тоҷикистон қирғизҳои боздоштшударо баргардонд: Қирғизистон низ гуфт, тоҷикҳоро медиҳад

Дар пайи музокироти дуҷонибаи мақомоти марзбонӣ қирғизистониҳои боздоштшуда дар Тоҷикистон ба Ватанашон баргардонда шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Тоҷикистон шаҳрвандони Қирғизистонро, ки 1 ва 12 ноябр боздоштшуда буданд, ба мақомоти қирғиз баргардонд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии ин икшвар хабар додааст.
Манбаъ мегӯяд, бозгардондани қирғизистониҳо дар пайи музокироти мақомоти марзбонии ду кишвар ҳосил шуд. Табодули боздоштшудаҳо миёни ду кишвар дар гузаргоҳи Кулунду сурат гирифтааст.

"Дар гузаргоҳи "Кулунду-автодорожний", марзбонҳои тоҷик ба ҳамтоёни қирғизашон се шаҳрвандро доданд, ки яке аз онҳо 1 ноябр ва ду зан 12 ноябр боздошт гардида буданд", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин таъкид шудааст, се қирғизистоние, ки қаблан боздошт гардида буданд, дар ояндаи наздик ба Ватанашон интиқол дода хоҳанд шуд.
Баста шудани гузаргоҳ дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон
Дар баробари ин мақомоти ду кишвар созиш кардаанд, ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки қаблан ҷониби Қирғизистон боздошт карда буд, ба мақомоти тоҷик супоранд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз дақиқ муайян нашудааст.