ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Шибит рустаниест, ки истифода аз он дар қариб ҳама навъи ғизо мувофиқ аст.
Ба ғайр аз таъми хуши худ, ин сабзӣ хусусиятхои дигари шифоӣ низ дорад.
Ғизошинос Павел Терехов дар мусоҳиба бо РИА "Новости" дар бораи манфиатҳои шифобахши шибит нақл кардааст.
"Истифодаи васеи шибит дар пухтупаз маъмул аст. Дар таркиби он витаминҳо, бета-каротин, кислотаи фолий ва дигар моддаҳои муфид мавҷуданд", - гуфт Терехов.
Шибит на танҳо барои пур кардани норасоии витамину минералҳо кумак мекунад, балки ба кори дилу рагҳо таъсири судманд дошта, рагу девори онҳоро мустаҳкам карда, ҳозимаро беҳтар мегардонад.
Ҳамаи ин хосиятҳои судманд шибитро ба як воситаи беҳтарин барои хориҷ кардани сафро ва тоза кардани бадан аз токсинҳо мубаддал кардаанд.