ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Владимир Путин аз ҳалокати шумори зиёди одамон бар асари таркиши гази метан дар шахтаи "Листвяжная"-и вилояти Кемерево изҳори таслият кардааст.
"Аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, изҳори хоҳиш менамоям, то аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандон ва наздикони қурбониён таъзияи самимӣ ва ҳамдардии моро расонед", - омадааст дар барқияи Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамаи осебдидагон бар асари ин фалокат шифои оҷил хостааст.
Таркиши газ дар кони "Листвяжная"-и вилояти Кемерово субҳи 25 ноябр рух додааст. Ба иттилои нашршуда, аксари коргарон фавран тахлия шудаанду наҷотдиҳандагон барои баровардани дигар кормандон рафтанд, вале ба далели хатари таркиш бозхонда шуданд. Таъкид мешавад, ки дар натиҷаи ин фоҷеа дар кони маъдан ҳудуди 52 кас ҷон бохт.
Дар байни ҳалокшудаҳо, аз ҷумла 46 конкан ва 6 наҷотдиҳанда мебошад. Феълан 49 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ аст. Дар вилояти Кемерово аз 26 то 28 ноябр мотам эълон шуд.