ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар яке аз иёлатҳои Африқои Ҷанубӣ як штамми нави коронавирус кашф шуд.
Дар робита ба ин Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт маҷлиси вижа баргузор мекунад. Дар ин бора Мария Ван Керхове, роҳбари гурӯҳи техникии шуъбаи бемориҳои изтирории СҶБ хабар дод.
Ин созмон гуфт, ки варианти навро бо даҳҳо таҳаввул дар протеини сафеда пайгирӣ мекунад ва муайян мекунанд, ки чӣ гуна ваксинаҳои мавҷуда ба он таъсир расонида метавонанд.
"Дар бораи ӯ то ҳол маълумоти кофӣ надорем. Камтар аз 100 мавриди пай дар пайи пурраи генетикӣ дастрас аст <...>. Аммо мо медонем, ки ин штамм дорои таҳаввули зиёд аст", - гуфт Мария Ван Керхове
СҶБ хатари ин навъи коронавирусро ба саломатии инсон муайян хоҳанд кард.
Агар натиҷаҳо боиси нигаронӣ шаванд, ин навъи коронавирус бо ҳарфи алифбои юнонӣ номгузорӣ мешавад.
Дар саросари ҷаҳон, тибқи маълумоти охирини СҶБ, беш аз 258 миллион нафар ба ин вирус сироят ёфтаанд, ки беш аз панҷ миллион аз онҳо ҷон додаанд.
Вазъияти душвортарин дар ИМА, Ҳиндустон, Бразилия ва Бритониёи Кабир аст. Русия дар ин феҳрист дар ҷои панҷум қарор дорад.