Тоҷикистон соли 2022-ро чӣ гуна пешвоз мегирад: гузориши иқтисодии БАОР

Дар маҷмуъ, БАОР дурнамои иқтисоди Тоҷикистон барои соли 2022-ро мусбат арзёбӣ мекунад, аммо омилҳое ҳастанд, ки метавонанд ба буҷа ва саноати кишвар зарба зананд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бонки Авруосиёии Рушд гузориши макроиқтисодиро барои соли 2022 муаррифӣ кард. Дурнамои иқтисоди Тоҷикистонро Айгул Бердигулова, таҳлилгари аршади БАОР арзёбӣ кард.
Ӯ гуфт, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2022 6,2% афзоиш хоҳад ёфт.
Ба бовари таҳлилгарон, ба ин нишондод метавонад интиқоли пулии муҳоҷирони корӣ ва мизони баланди фоиз, афзоиши муътадили қарз, поин рафтани қимати тило ва дигар металлҳо таъсири манфӣ расонанд.

"Коҳиши рушди иқтисодӣ ба он вобаста хоҳад буд, ки кишвар пас аз барқарории сареи фаъолияти иқтисодӣ дар соли ҷорӣ ба траекторияи мутавозин бармегардад", - гуфт таҳлилгари аршади БАОР.

Тибқи ҳисобҳои ин бонк, ба далели то андозае шадидтар шудани сиёсати пулию қарзӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон то 6,3% коҳиш хоҳад ёфт.
Ноустувории таъминоти молҳои воридотӣ ва динамикаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ метавонанд хатаре дар бахши иқтисоди кишвар бошанд.
Меъёри бозтамвил дар соли 2022, агар хавфҳо заиф шаванд, мумкин аст, коҳиш ёбад. Ин раванд бояд ба рушди иқтисоди Тоҷикистон таъсири мусбат расонад, таъкид кардааст таҳлилгар.
БАОР сабабҳои болоравии нарх дар Тоҷикистонро гуфт
Қурби сомонӣ, тибқи пешгӯии БАОР, дар соли оянда дар баробари доллар устувор боқӣ мемонад. Ба гуфтаи Бердигулова, сомонӣ аз ҳисоби воридоти пулҳои интиқолӣ тақвият мешавад.