ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Фаъолияти иқтисодӣ дар саросари минтақа то нимаи соли 2021 ба сатҳи пеш аз пандемия баргашт, омадааст дар гузориши Бонки Авруосиёии Рушд.
Ба эҳёи иқтисоди кишварҳои узви БАОР таъсири буҷа ва сиёсати пулию қарзӣ, инчунин афзоиши содирот ва мутобиқ шудани аҳолию созмонҳо ба шароити пандемия мусоидат кардааст, гуфтаанд гузоришгарони бонк.
Бонки Авруосиёии Рушд қайд мекунад, ки раванди нобаробари барқарорсозӣ дар байни кишварҳои минтақаи фаъолияти бонк идома дорад.
Аз ҷумла, таҳлилгарон Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистонро ҷудо карданд, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии онҳо аз сатҳи пеш аз пандемия бештар гуфта мешавад.
Дар маҷмуъ дар охири соли 2021 рушди ММД дар Тоҷикистон 7,9% пешбинӣ шудааст.
Интизор меравад, дар соли 2022 Тоҷикистон ба суръати устувори рушди иқтисодии 6-7-дарсадӣ дар як сол ноил шавад.
Ҳамчунин, тибқи пешбинии БАОР, коҳиши таваррум дар Тоҷикистон аз 8,3%-и имсол ба 6,3% дар соли оянда мерасад.