Рӯзи мубориза бо хушунат алайҳи занон: 25 ноябр дар таърих

Бисту панҷуми ноябр Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон аст
Sputnik

Рӯзи 25-уми ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1667 бар асари заминларза дар шаҳри Шамахии Озарбойҷон 80 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.
Соли 1867 Алфред Нобел моддаи тарканда - динамитро ихтироъ кард.
Соли 1918 Розике Швиммер аввалин зане шуд, ки дар тӯли таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ сафир интихоб гардид.
Соли 1991 Ҳизби сотсиалистии Украина ба қайд гирифта шуд.
Соли 1996 СММ ба Ироқ барои фурӯхтани нафт бар ивази маводи озуқаворӣ иҷозат дод.

Рӯзи 25-уми ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, суханронӣ кард.
Рӯзи парчами давлатӣ: 24 ноябр дар таърих
Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва ҳамгироии ду кишвар дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистонро баррасӣ намуд.
Соли 2013 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"-ро муҳокима намуд.
Соли 2014 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амният", "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм", "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм" ба имзо расида буданд.
Сли 2014 президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмии серӯза ба Душанбе омад.

Ҷашнҳои 25 ноябр

Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон.
Дар Ҷумҳурии Суринам - Рӯзи истиқлол.

Бисту панҷуми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омад?

Солҳои 1887-1943 генетики рус, ботаник ва географи Тоҷикистон Николай Вавилов.
Солҳои 1934-1984 - композитор Дости Орзуев.
Солҳои 1938-2007 - ходими нишондодаи Тоҷикистон Асрор Рашидов.