Сабти мавриди дигари заминҷунбӣ дар Тоҷикистон: КҲФ гуфт, талафоте нест

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сабти боз як мавриди заминларза дар кишвар хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Соати 07:34 дақиқаи субҳи 24 ноябр Тоҷикистонро боз як заминларза такон дод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, маркази заминларза дар 83-километрии қисмати шарқу ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир буда, қувваи он дар марказ 3-4 ва дар шаҳри Роғун 2-3 баллро ташкил дод.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки дар пайи ин офати табиӣ ягон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Тоҷикистон дар пешорӯи фалокати азим қарор дорад
Инчунин 22 ноябр низ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар дода буд Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Ба иттилои ин ниҳод, заминларза баъди зуҳри 22 ноябр дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон ба шиддати 4,7 бал дар умқи 10 километр рух додааст. Қайд карда мешавад, ки масофа аз маркази заминларза то Тошканд дар самти Ҷанубу Шарқ 307 километрро ташкил медод.
Зилзилашиносони ӯзбек мегӯянд, ин панҷумин мавриди зилзила дар Тоҷикистон аз аввали моҳи ноябр буд.