ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Кӯдакон ба коронавирус ба таври дигар вокуниш нишон доданд, гуфтанд табибони беморхонаи вилояти Қӯрғон дар суҳбат бо хабарнигорон.
Тавре портали "Ura" бо истинод ба муовини сардухтури беморхонаи кӯдаконаи вилояти Қӯрғони ба номи Салиби Сурх Светлана Ларионова хабар медиҳад, аломатҳои нави коронавирус дар кӯдакон аз алоими қаблӣ фарқ мекунанд.
"Синдроми илтиҳоби бисёрнизома пайдо шудааст, ки қаблан вуҷуд надошт. Ин пайдошавии доғ дар заминаи табларзаи баланд аст. Ин ба гастроэнтерит шабоҳат дорад", - гуфт Ларионова.
Ба аломатҳо: доғҳо, дарди буғумҳо, илтиҳоби луобпардаҳо ва дарди шикам дохил мешаванд. Инчунин, табибон сулфа ва ҳарорати баландро дар кӯдакон мушоҳида кардаанд, ки бо таъсири доруҳо поин намефарояд.
Коршиносон инчунин қайд мекунанд, ки ҷараёни беморӣ дар кӯдакон вазнин мегузарад.
Барои пешгирии чунин мушкилот табибон тавсия медиҳанд, ки кӯдаконро бар зидди зуком ваксина зананд, зеро пас аз ваксинзанӣ ҷисми кӯдак ба дигар бемориҳо тобовартар мешавад.
Қобили зикр аст, ки ин аввалин гузориш дар бораи тағйирёбии нишонаҳои COVID-19 дар кӯдакон мебошад. Ҳамчунин расонаҳо хабар медиҳанд, ки маҳз дар вилояти Қӯрғони Русия се ҳолати марги кӯдакон дар пайи авҷгирии коронавирус сабт шудааст.