Муроҷиати Молдова ба "Газпром": Газро қатъ накунед

Молдова ваъда дод, ки пули газро 26 ноябр пардохт мекунад ва хостааст, интиқоли онро қатъ накунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Молдова ба "Газпром" муроҷиат кард, ки аз имрӯз интиқоли газро қатъ накунад ва ваъда дод, пули онро рӯзи ҷумъа пардохт хоҳад кард, гуфт сухангӯи ширкат Сергей Куприянов.
Ба таври истисно ва ба дарки вазъ дар ҷумҳурӣ ширкат тасмим гирифт, ки розӣ ба ин муроҷиат шавад.

"Ҳукумати Молдова аз "Газпром" дархост кардааст, ки интиқоли газро аз имрӯз қатъ накунад. Ҳамзамон ҷониби Молдова қонунӣ будани амалҳои "Газпром"-ро комилан эътироф мекунад ва уҳдадор мешавад, ки рӯзи ҷумъаи 26 ноябри соли ҷорӣ пардохтҳои ҷориро пурра анҷом диҳад", - гуфт Куприянов.

Ба қавли ӯ, "Газпром" ҳамчун истисно бо нишон додани иродаи нек ва фаҳмиши вазъияти душворе, ки шаҳрвандони Молдова метавонанд дучор шаванд, бо ин дархост розӣ шуд.
Рӯёрӯии Урупо бо буҳрони ногузир - интихоби сангин
"Газпром" қатъиян ба иҷрои мутлақи уҳдадориҳои шартномавии Молдова дар оянда ва пардохти саривақтии пардохтҳои ҷорӣ умед дорад. Уҳдадориҳои шартномавӣ бояд иҷро шаванд”, - афзуд ӯ.