ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ворид гардидан ба Русия барои бақайдгирии ҷойи зисти муваққатӣ ба доми миёнаравҳо гирифтор нашуда, ҳамроҳ бо соҳибхона барои ба расмиятдарории будубоши муваққатӣ ба шуъбаи кор бо масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Русия (собиқ ФМС) дар наздиктарини ҷойи зисти худ муроҷиат намоянд.
Манбаъ қайд кардааст, ки вақтҳои охир вобаста ба бақайдгирии муваққатии будубоши муҳоҷиратӣ дар қаламрави Русия аз ҷониби миёнаравҳо муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба намояндагӣ зиёд ворид гаштааст.
“Аз ин лиҳоз маълум менамоем, ки бояд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил, корҳои илмӣ, сайёҳат, тиҷорат ва дигар масъалаҳои корӣ ба муддати тӯлонӣ ба Русия ворид гардидаанд ва барои муваққатан зистан дар қаламрави ин кишвар хонаи иҷора ё дар хонаи хешу ақрабҳо зиндагӣ доранд, бояд дар ҳамон хона худро ба қайди муҳоҷиратӣ гиранд”, - илова кардааст манбаъ.
Намояндагии Вазорати меҳнат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор додааст, то ба доми миёнаравҳо, ки ҳуҷҷатҳои бақайдгирии зисти муваққатиро сохтакорона омода менамоянд, гирифтор нашаванд, зеро ҳангоми таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ мушкилӣ пеш меояд.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додаааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз пешниҳоди бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) пеш аз ҳама бояд гувоҳномаи дурустии зисти муваққатиро дошта бошанд.
“Аз шаҳрвандоне, ки муддатҳои тӯлонӣ дар Русия кору фаъолият доранд ва муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатиашон ба итмом расидаасту мехоҳанд, ки дубора иҷозатномаи фаъолияти меҳнатиро дарёфт намоянд, хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз супоридани бастаи ҳуҷҷатҳо барои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дар махзани ВКД Русия вобаста ба манъи вурудашон худро санҷанд”, - илова кардааст намояндагии вазорати меҳнат.
Таъкид шудааст, ки дар ҳолати пайдо гардидани савол ё пеш омадани мушкилот шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатӣ метавонад ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия муроҷиат намоянд.
Бояд қайд кард, ки тибқи қонунгузории Русия дар бораи зисти муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия соҳибхона, ки дар хонааш шаҳрванди хориҷӣ ба таври иҷоравӣ муваққатан зиндагӣ мекунад, бояд барои бақайдгирии зисти муваққатии шаҳрванди хориҷӣ мусоидат намояд.
Тиқби қонунгузории Русия, шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар, дар маконе, ки зисти худро муваққатан ба қайд гирифтаанд, бояд дар ҳамин макон зиндагӣ намоянд. Зиндагӣ накардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷойи бақайдгирифташудаи зисти муваққатӣ, тибқи қонунгузории Русия, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҳисоб рафта, нисбати чунин шахсон санади ҳуқувайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад.