Ҳизби Меркел дар ҷабҳаи мухолиф қарор гирифт: Олаф Шолтс садри аъзами Олмон мешавад

Маълум шуд, ки ба ҷои Ангела Меркел кӣ садри аъзами Олмон мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҳизби садри аъзами собиқи Олмон Ангела Меркел дар ҷабҳаи мухолиф қарор гирифт.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, роҳбари нави Олмон роҳбари Ҳизби сотсиал-демократ Олаф Шолтс хоҳад шуд.
Ниҳоят миёни ҳизбҳои парлумон созишномаи эътилофӣ ба имзо расидааст.
Эътилоф ҳизбҳои сотсиал-демократ, иттифоқ 90, сабз ва озоди демократии Олмонро шомил шудааст.
Дар баробари ин ҳизби Ангела Меркел дар ҷабҳаи мухолиф қарор гирифт. Ҳеҷ нафаре аз Ҳизби насронӣ-демократии Олмон ба ҳайати кабинаи нав дохил нашудааст.
Меркел гуфт, ки сиёсатро барои ҳамеша тарк мекунад
Интихоботи парлумонӣ дар Олмон 26 сентябри соли 2021 баргузор шуд. Натоиҷи муқаддамотии он шаби 27-уми ҳамон моҳ нашр шуд.
Номзадхои асосӣ дар ин интихобот Армин Лашет аз Ҳизби иттиҳоди насронӣ-демократӣ ва иттиҳоди ҷомеаи насронӣ, Олаф Шолтс аз Ҳизби сотсиал-демократи Олмон, Алиса Вайдел аз ҷиноҳи “Ҷойгузин барои Олмон”, Кристиан Линднер аз Ҳизби озоди демократӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Тибқи натоиҷи интихобот, дар он Ҳизби сотсиал-демократи Олмон бо дарёфти 25,7 дарсад ё қариб 12 миллион райъ пирӯз шуд.