ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми буҷаи давлатии кишвар барои соли 2022-ро 33 миллиард сомонӣ муқаррар кардааст.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, дар муқоиса бо соли 2021 буҷаи соли оянда беш аз 19 дарсад ё панҷ миллиард сомонӣ зиёдтар аст, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Ба гуфтаи вазири молия, ҳаҷми даромади буҷа 33 млрд сомонӣ ва қисми хароҷоти он 33,6 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Вазири молия гуфт, 21,9 млрд сомонии буҷа дар соли 2022 бояд аз ҳисоби воридоти молиётию ғайри он ҷамъ шавад.
Ҳамчунин Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, дар бахши даромади буҷа, маблағҳои махсуси ташкилоти муассисаҳои буҷавӣ 2,5 млрд сомонӣ, воридот аз ҳисоби азхудкунии лоиҳаҳои молии давлатии сармоягузорӣ 7,9 миллиард сомонӣ ва инчунин ҷалби грантҳо барои пуштибонии буҷа 665 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
"Маҷмуан ҳаҷмии умумии даромади буҷаи давлатӣ дар муқоиса бо буҷаи тасдиқшудаи соли 2021 ба маблағи 5,3 млрд сомонӣ ё 19,4 дарсад зиёд мебошад",-гуфт Қаҳҳорзода.
Ҳаҷми умумии даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар буҷаи соли 2022 баробар ба 9 млрд 792 миллион сомонӣ муқарра шудааст, ки 829 млн сомонӣ аз соли 2021 зиёдтар мебошад.
Маблағгузории бахшҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар ҳаҷми 23,4 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат 6,5 млрд сомонӣ масраф мешавад.
Дар буҷаи соли 2022 ҳам хусусияти иҷтимоии он нигоҳ дошта шуда, 14,7 млрд сомонӣ ҷудо шудааст, ки 43,8 дарсад буҷаро дар бар мегирад. Аз ин ҳисоб барои маблағгузории соҳаи маориф 6,3 млрд, тандурустӣ 2,9 млрд, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 4,3 млрд ва фарҳангу варзиш 1,2 млрд сомонӣ бояд масраф шавад.