Вокуниши Думаи давлатии Русия ба тасмими манъи навори георгӣ дар Латвия

Вакили рус Хинштейн тасмими манъи навори георгӣ дар Литвияро иқдоми ғайридӯстона хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Қарори Сейми Латвия дар бораи манъи истифодаи навори георгӣ як иқдоми ғайридӯстонаи навбатӣ нисбати Русия арзёбӣ мешавад ва мақомоти ин кишвар бо ҷаҳони русу хотираи муштараки таърихӣ меҷанганд, гуфт Александр Хинштейн, раиси Кумитаи сиёсати иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Думаи давлатии Русия.
Сейм (парлумон)-и Латвия истифодаи умумии навори георгиро дар қаламрави ин кишвар расман манъ кард. Ҳоло дар ин ҷумҳурии назди Балтика зиёда аз 4000 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, нерӯҳои муҳосирашуда ва ақибгоҳ ба сар мебаранд. Ин хабар боиси вокуниши васеи ҷомеа ва ВАО шуд.
"Албатта, мо ин тасмими Сеймро наметавонем ба ҷуз як иқдоми дигари ғайридӯстона нисбати Русия ва таърихи муштарак чизи дигаре шуморем. Онҳо бо хотираи таърихӣ ва гузаштаи умумии мо ҷанг эълон карданд. Имрӯз мақомоти кишварҳои назди Балтик бо ҷаҳони русу таърих меҷанганд ва кӯшиши доранд, шаҳрвандони худро аз мушкилоти мавҷуда дур карда, онҳоро мутмаин созанд, ки тамоми бадбахтиҳои Латвия натиҷаи ишғоли Иттиҳоди Шӯравӣ аст”, - гуфт вакил Хинштейн дар нишасти матбуотӣ дар хабаргузории “Россия сегодня”.
Бутина барои дастгирии рӯзноманигорони Латвия дар назди ВКХ даст ба эътироз зад
Александр Хинштейн, раиси Кумитаи сиёсати иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототи Думаи давлатии Русия гуфт, тамоми асос барои мамнуъ кардани вуруди ташаббускорони чунин тарҳҳои қонун дар бораи истифодаи навори георгӣ ба қаламрави Русия вуҷуд дорад.
Қаблан хабар дода шуд, ки вакилони Ҳизби Русияи воҳид тарҳи қонунеро омода мекунанд, ки вуруди русбадбинонро ба ин кишвар манъ мекунад. Тибқи ин қавонин, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар сурати барангехтани кинаву адоват вурудашон ба Русия манъ хоҳад шуд.
Чанде пеш Ҳизби Русияи воҳид пешниҳод карда буд, асосе барои манъи вуруди хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд, аз ҷумла онҳое, ки ба ягон асос даст ба амалҳои таҳқиромез нисбати хотираи таърихии Русият мезанад, ба хоки ин кишвар таҳия шавад.
Эпидемияи хорея дар Аврупо: Русия гунаҳкор аст
Мо ин қонунро “Дар бораи манъи вуруд ба русбадбинҳо” номида будем... аммо агар ин ташаббуси мо минбаъд дастгирӣ шавад, пас барои манъи вуруди ташаббускорони ин гуна қонунвайронкуниҳо ба Русия тамоми асосҳо вуҷуд доранд", - гуфт Хинштейн зимни нишасти матбуотӣ.
Вакили порлумон таъкид кард, ки ин аввалин иқдоми ғайридӯстонаи “зидди Русия"-и Латвия нест, бо ин бояд бо василаҳои дипломатӣ ва ҳам иқтисодӣ мубориза бурд.
"Қарор дар бораи манъи пӯшидани навори Георгӣ аввалин ҳалқаи силсилаи иқдомҳои зиддирусӣ, зиддитаърихӣ ва зиддиинсониии мақомоти Латвия нест. Дар ин кишвар истифодаи ороишоти даврони шӯравӣ манъ аст... Аз моҳи феврали соли равон дар Латвия пахши тақрибан ҳамаи шабакаҳои телевизионии русзабон манъ карда мешаванд. Албатта, ба ин иқдом бояд мубориза бурд. Бояд аз воситаҳои дипломативу анъанавӣ ва иқтисодӣ истифода кард, — хулоса кард Хинштейн.
Лавров гуфт чигуна Иттиҳодияи Аврупо метавонад равобиташро бо Русия беҳтар намояд
Аксияи “Навори георгӣ” ба таҷлили Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст. Ғояи ин аксия соли 2005 дар агентии РИА "Новости", ки ҳоло ба Ожонси байналмилалии иттилоотии “Россия сегодня” дохил мешавад, пайдо шуда буд. Ҳамон замон нахустин иқдом сурат гирифт ва аз он давра истифодаи навори георгӣ дар арафаи 9 май ба як анъана табдил ёфт.
Дар баробари ин ҳар сол дар Латвия роҳпаймоии куҳансарбозонии СС баргузор мешаванд - созмоне, ки трибунали Нюрнберг ҳамчун ҷинояткор эътироф кардааст. Онҳо мукофотҳо ва рамзҳои фашистиро ба таври оммавӣ намоиш медиҳанд. Дар ин роҳпаймоиҳо вакилон ва шахсони расмӣ иштирок мекунанд. Ин раҳпаймоиҳо аз ҷониби бисёр кишварҳо, аз ҷумла Русия маҳкум мешаванд.