ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ин нуктаро Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи омӯзиши серӯзае барои рӯзноманигорон зери унвони “Нақши васоити ахбори омма дар давраи пандемияи COVID-19”, ки бо ибтикори вазорати мазкур баргузор шуд, тазаккур дод.
Ба андешаи Ғафур Муҳсинзода, гузаронидани чунин омӯзишҳо барои хабарнигорон ва намояндагони марказҳои матбуотии муассисаву идораҳо муҳим мебошад.
“Тавассути шумо, кормандони воситаҳои ахбори омма ба аҳолӣ маълумоти нав, боварибахш ва муътамад дастрас мешавад. Вазифаи шумо дар ин давраи душвор наҷот додани ҳаёти одамон аст”,- гуфт муовини аввали вазири тандурустӣ.
Вазорати тандурустӣ қайд кардаст, ки мақсад аз баргузории чунин омӯзишҳо- баланд бардоштани сатҳи огоҳии намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони марказҳои матбуотии ташкилоти тандурустӣ ҷиҳати масъалаҳои мубрами марбут ба сирояти нави COVID-19 ва омӯзонидани тарзи дурусти пешниҳоди маълумот ба аҳолӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол директори Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон Рустам Турсунзода гуфт: “Раванди кунунии пандемияи COVID-19 ва пажуҳишҳои коршиносони тиб тасдиқ мекунанд, ки ваксинатсия ягона усули самараноки мубориза бо пандемия мебошад”.
Вай афзуд, танҳо дар ҳолати фаро гирифтани 90 дарсади аҳолӣ бо ваксина ҷомеа метавонад ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад.
“Дар ин замина ВАО нақши калон мебозад. Зеро воситаҳои ахбори омма бо пешниҳоди иттилооти муътамад метавонанд мардумро ба ваксинатсия ва андешидани тадбирҳои гигиенӣ ташвиқ кунанд”, - гуфт Рустам Турсунзода.
Бо вуҷуди сатҳи хуби фарогирии аҳолӣ бо ваксинатсия дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ масъалаи ваксинагирӣ яке аз мушкилоти мубрами соҳаи тандурустии мамлакат маҳсуб мешавад.
Ба гуфтаи Вазорати тандурустӣ, ҳарчанд бо талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бо 5 намуди ваксина таъмин гардиданд, вале сокинони баъзе ноҳияҳо то ҳол барои гирифтани ваксина шитоб намекунанд, ки ин барои ҳарчи зудтар рафъ кардани пандемияи COVID-19 халал мерасонад.