ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар Хуҷанд дар мулоқоти Фирдавс Шарифзода, раиси ин шаҳр бо Рика Иши, роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, маблағгузории иқтисодиёти сабз, хидматрасонӣ, роҳсозӣ, гармидиҳии мустақил ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.
Тибқи иттилои хадамотти матбуотии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода зимни мулоқот бо намояндагони БАТР таъкид кардааст, ки айни ҳол бо дастгирии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) се лоиҳаи сармоягузории хусусияти иҷтимоидошта муваффақона амалӣ шуда истодааст.
“Шаҳри Хуҷанд яке аз марказҳои бузурги саноатӣ буда, айни ҳол 181корхонаи саноатӣ фаъол аст ва беш аз 10 ҳазор соҳибкор дар бахшҳои мухталифи савдою хизматрасонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Маҷмуи маҳсулоти саноатӣ беш аз 1, 5 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Хуҷанд бо 40 давлати дунё ҳамкории тиҷоратиро ба роҳ мондааст”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки зарфиятҳои иқтисодӣ дар Хуҷанд фарох аст ва барои истифодаи самараноки он бо шарикони тиҷоратӣ ва институтҳои молӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд низ ҳавасманд аст.
Рика Иши, раҳбари БАТР дар Тоҷикистон зимни мулоқот қайд кард, ки БАТР солҳои охир дар Тоҷикистон хеле фаъол аст ва ба васеъ намудани дастрасӣ ба маблағҳо барои намояндагони бахши хусусӣ, занони соҳибкор ва модернизатсияи инфрасохтори коммуналӣ мусоидат мекунад.
“Хуҷанд яке аз шаҳрҳои муҳим ва афзалиятнок дар сиёсати БАТР аст”, - гуфт Рика Ишӣ.
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар ҷараёни мулоқот мавзуъҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда ва банақшагирифташуда, амалишавии лоиҳаҳои нави давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, маблағгузории иқтисодиёти сабз, хизматрасонӣ, роҳсозӣ, гармидиҳии мустақил ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ матраҳ гардиданд.
Роҳбари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Рика Иши изҳор дошт, ки тибқи барномаи нави ҳамкорӣ, бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ба тақвияти фаъолияти бахши хусусӣ тавассути ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании рақобатпазир ва ташкили ҷойҳои нави корӣ диққати махсус дода мешавад.