ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Муовини вазири дифоъ Николай Панков ҳангоми баррасии масъалаи тасвиби созишнома дар масъалаи таъсиси низоми ягонаи муштараки падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистон, намояндаи расмии раисиҷумҳури Русия таъин шуд.
Фармони дахлдори раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи май Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дастур дода буд, ки бо Тоҷикистон дар бораи таъсиси низоми ягонаи муштараки падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистон созишнома имзо кунад.
Шартнома ба муҳлати номуайян баста мешавад, вале ҳар кадоме аз тарафҳо ҳуқуқ доранд онро ҳар вақт бекор кунанд.
Ин ташаббус ба Вазорати дифои Русия тааллуқ дорад. Лоиҳаро идораҳои дахлдори Тоҷикистон пешакӣ тасдиқ карданд.
Тарҳ ба баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи сарҳади давлатӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон равона шудааст.
Ба гуфти коршиносони низомӣ, ин тадбирҳо барои навсозии технологияҳои кӯҳна, ки аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондаанд, низ заруранд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки иқдомоти таъсиси низоми ягонаи муштараки падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистон ба далели ташдиди авзоъ дар Афғонистон хеле саривақтӣ аст.