ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Ҳайати 60-нафараи тиҷоратию сармоягузории Куриёи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон омад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Аксари тоҷирони хориҷӣ дар соҳаҳои саноати мошинсозӣ, бофандагӣ, нассоҷӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва хизматрасонӣ фаъолият мекунанд.
Ин ҳайат барои ширкат дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Куриёи Ҷанубӣ 22 ноябр ба Душанбе омадааст.
Гуфта мешавад, ҳадафи ҳамоиш шиносоии сармоягузорони кореягӣ бо фазои сармоягузорию имконияти Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳандозии робита миёни доираҳои тиҷоратии ду кишвар мебошад.
"Дар форум намояндагони соҳаҳои саноат, технологияи иттилотӣ-коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, тиб ва хизматрасонии Ҷумҳурии Куриё Ҷанубӣ иштирок менамоянд", - омадааст дар хабар.
Интизор меравад, ҳамоиш ба платформаи баррасии самтҳои афзалиятнок ва воситаҳои рушди Тоҷикистону Куриё табдил ёфта, дар доираи он санадҳои ҳамкории миёни ширкату корхонаҳои саноатии ду кишвар имзо шаванд.
Ҳайати доираҳои сармоягузории Куриё аз корхонаҳои истеҳсолию саноатии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода боздид менамояд.