ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ин кӯмакҳо ҳам як моҳ мешавад, ки ваъда шудаанд, аммо ба Афғонистон нарасидаанд. Ҷатта Урпилайнен (Jutta Urpilainen), комиссари ҳамкориҳои байналмилалии Иттиҳоди Аврупо зимни нишасти хабарие, ки дар Душанбе баргузор шуд, гуфт, он чӣ ба Афғонистон рабт мегирад, Иттиҳоди Аврупо фақат ба мардуми ин кишвар муттаҳид аст.
Номбурда гуфт, як бастаи кумакиро ба маблағи як миллиард евро барои мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояаш басиҷ мекунанд, ки он чанд ҷузъ дорад.
"Яке кӯмаки башарӣ, ки 300 миллион евро аст. Ҷузъи дуюм рӯйкарди башарӣ аст, ки бино ба он, мо ба таври мустақим ба ҷомеаи Афғонистон кӯмак мекунем, то маишати мардумро бидуни ба расмият шинохтан ё машруият додан ба толибон ё ҳамдастӣ бо сохторҳои давлатии онҳо саҳм бигирем. Ва муаллафаи сеюм кӯмак ба кишварҳои минтақа аст”, - гуфт Ҷатта Урпилайнен.
Комиссари ҳамкориҳои байналмилалии Иттиҳоди Аврупо дар анҷоми ҷаласаи ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо суҳбат мекард, ки рӯзи гузашта, 22 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Бастаи кумакии ҳудуди якмиллиардевроии Иттиҳоди Аврупо барои ҷилавгирӣ аз "фурӯпошии вазъи башарӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ" дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояаш ҳанӯз 12 октябр нишасти онлайнии изтирории сарони Гурӯҳи 20 эълон шуда буд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки то ба имрӯз даҳҳо гузориш аз ташдиди вазъи башарӣ, аз ҷумла марги миллионҳо афғонистонӣ, бавижа кӯдакон бар асари гуруснагӣ таҳия мешавад.
Аз ҷумла Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ (WFP) рӯзи 25 октябр иттилоъ дод, ки 22,8 миллион нафар ё беш аз нисфи ҷамъияти 39-миллионии Афғонистон бо камбуди ҷиддии ғизо мувоҷеҳ аст ва идомаи ин вазъ ба гуруснагию қаҳтии саросарӣ дар ин кишвар мунҷар хоҳад шуд.
Вазъ ҳам замоне ба вахомат гароид, ки 15 август дар Афғонистон гурӯҳи толибон ба қудрат расид. То он замон аз 14 миллион сокини ин кишвар гузориш мешуд, ки бо хатари гуруснагӣ мувоҷеҳанд.