Билети ҳавопаймо аз Қирғизистон ба Русия арзон шуд

Нархи билети ҳавопаймо дар Қирғизистон дар қиёс бо давраи пандемия арзонтар шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дар Қирғизистон қимати билети ҳавопаймо ба таври назаррас коҳиш ёфт, гуфт Александр Настаев, директори Оҷонсии ҳавопаймоии кишварии вобаста ба Вазорати нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон зимни брифинге дар маркази матбуотии Sputnik.
"Аз моҳи август инҷониб коҳиши нархҳо мушоҳида мешавад. Сиёсат ва ҳамкориҳои мо бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла ширкатҳои русӣ боиси поин рафтани нархи билет шудааст", - гуфт ӯ.
Қазоқистон боз як парвоз бо Қирғизистонро барқарор кард
Ба гуфтаи ин масъул, агар дар фасли баҳор арзиши чипта ба Русия ба 60 ҳазор сом (тақрибан 8 ҳазор сомонӣ ) ва ба аз ин ҳам бештар мерасид, ҳоло хеле арзонтар шудааст. Шумо метавонед аз Маскав ба Қирғизистон бо нархи 6 ҳазор рубл (муодили 900 сомонӣ) парвоз кунед.
Ин масъул гуфт, нархи билетро Оҷонсии ҳавопаймоии кишварӣ назорат мекунад.
Маҳдудияти таъмини сӯхт ва саргардонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ: Қимати билет чӣ мешавад?
Ёдовар мешавем, дар фасли баҳор на танҳо дар Қирғизистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ қимати чиптаи ҳавопаймо ба шаҳрҳои Русия якбора боло рафт.
Дар ин росто президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, нархи билети ҳавопаймо ба Русияро шахсан таҳти назорати худ гирифтааст. Нарх пас аз афзоиши шумораи парвозҳои муқарраршуда поин рафт.