Баррасии ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон

Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон мавзуоти мухталифи ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо вазири фарҳанги Эрон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо Муҳаммад Маҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳанг ва иршоди Эрон дар хусуси мавзуоти мухталифи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон баҳсу табодули назар карданд.
Тахтиравончӣ: Эрон бетафовут нест, балки аз толибон кафолат мехоҳад
ВУХ Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ин мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки аҳли адабу фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон пас аз интихоби Cайид Иброҳим Раисӣ ба унвони раиси ҷумҳурии ҷадиди Эрону сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба густариш ниҳодааст.