Зинда ба зинда сӯхтанд: аксҳои садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Булғористон

Якбора 45 кас аз ҷумла 12 кӯдак, дар дохили автобусти сайёҳӣ дар пайи садамаи нақлиётӣ дар Булғористон ҳалок шуд
Sputnik
Як автобуси сайёҳӣ аз Македонияи Шимолӣ дар Булғористон ба садамаи даҳшатбор дучор шуд. Автобус ҳамроҳ бо мусофиронаш оташ гирифт. Ин ҳодисаи нохуш дар шоҳроҳи Струма, дар масири София — Благоевград рӯй дод.
Тибқи иттилои пешакӣ, 45 нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Дар миёни онҳо 12 кӯдак низ ҳаст. Гуфта мешавад, дар маҷмуъ дар автобус 52 нафар буд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ду зан ва панҷ мард, аз ин садама ҷон басаломат бурданд ва аллакай дар беморхона бистарӣ шудаанд. Вазъи онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.