Заминҷунбие, ки ҷони панҷ ҳазор нафарро рабуд: 23 ноябр дар таърих

Дар ҳамин рӯзи соли 1980 дар натиҷаи заминларза дар ҷануби Италия зиёда аз панҷ ҳазор нафар ба ҳалокат расид
Sputnik

Муҳимтарин рӯйдодҳои 23 ноябр дар Тоҷикистон

Соли 1877 Амрико ба Канада барои ҳуқуқи моҳигирӣ ва дарёгардии доимӣ дар дарёи Лаврентияи муқаддас 5,5 миллион доллар пардохт кард.
Рыбак складывает улов, архивное фото
Соли 1923 Ҳизби коммунистии Германия баста шуд.
Соли 1939 дар Германия барои фурӯши хӯроки ҳайвоноти хонагӣ меъёр ҷорӣ гардид.
Выставка кошек, архивное фото
Соли 1980 дар натиҷаи заминларза дар ҷануби Италия зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.
Соли 1981 дар Чин ба тиҷорати хусусӣ иҷозат дода шуд.

Муҳимтарин рӯйдодҳои 23 ноябр дар Тоҷикистон

Соли 2006 дар Тоҷикистон аввалин Намоиши байналмилалии саноати хӯроквории "Inter Food Tajikistan-2006" баргузор гардид.
Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ"-ро имзо кард.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.
Соли 2016 Федератсияи Русия созишномаи байниҳукуматӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани намояндагии муштараки хадамоти гумрук тасдиқ намуд.
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор гаштанд.

Ҷашнҳои 23 нобяр

Дар Қазоқистон - Рӯзи пулиси роҳ
Дар Ҷопон - Рӯзи миннатдорӣ ба меҳнат

Рӯзи 23-юми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Солҳои 1918-1995 – доктори илмҳои тиб, профессор Яъқуб Тоҷиев.
Соли 1924 – мунаққиди адабиёт, олими адабиётшинос Соҳиб Табаров.
Соли 1970 – хабарнигор Пайрав Чоршанбиев.