ВУХ: Буҳрони Афғонистон Тоҷикистону Аврупоро муттаҳид кард

Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо мушкилоту таҳдидҳои муштарак рӯ ба рӯ шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бояд бархӯрдашонро дар робита ба амнияти минтақаӣ иваз кунанд, гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳангоми дидор дар нишасте бо формати Аврупо ва вузарои кишварҳои Осиёи Марказӣ.

“Вазъияте, ки дар кишвари ҳамсоя, Афғонистон ба вуҷуд омадааст, аз мо бархӯрди нави муштаракеро барои амнияти минтақаӣ тақозо мекунад”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол Ҷозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ ва амният изҳори умедворӣ кард, ки дар ин замина бояд ҳамкориҳои амиқтар миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ сурат бигирад.
Ба гуфтаи ӯ, минтақаҳо мушкилоту таҳдидҳои муштарак доранд.
Дипломатҳои баландпояи Аврупо вориди Душанбе шуданд: Афғонистон аз мавзӯъҳои меҳварист
“Мо бояд шумори афзалиятҳо ва вазифаҳоро дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ муайян намоем”, - таъкид кард ӯ.
Боррел афзуд, ки буҳрони дохилии Афғонистон ба мавзуи аслии рӯз табдил ёфтааст, ки ҳалли фаврии онро тақозо мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе 17-умин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон бо Ҷозеп Боррел ҷараён дорад.
Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар суханронии ифтитоҳии худ қайд кард, ки дар тӯли 30 соли истиқлол кишварҳои Осиёи Марказӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.