Сабти боз як мавриди заминҷунбӣ дар Тоҷикистон: панҷумин бор аз аввали моҳ

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларзае ба шиддати 4,6 бал рух дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи нав ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, заминларза соати 15:49 ба вақти маҳаллӣ дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон ба шиддати 4,7 балл дар умқи 10 километр рух додааст.
Қайд карда мешавад, ки масофа аз маркази заминларза то Тошканд дар самти Ҷанубу Шарқ 307 километрро ташкил медод.
Заминҷунбӣ дар Тоҷикистон
КҲФ Тоҷикистон то ҳол дар бораи ва пайомадҳои эҳтимолии заминларза хабар надодааст.
Зилзилашиносони ӯзбек мегӯянд, ин панҷумин мавриди зилзила дар Тоҷикистон аз аввали моҳи ноябр аст.
Охирин заминларза дар кишвар 12 ноябр бо шиддати 4,7 балл сабт шуда буд.