Милиса дуздию ғоратгариро дар бозорҳо ошкор кардааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳолатҳои дуздию ғоратгарӣ дар кишвар хабар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Мақомоти милиса мегӯянд, ҷавонзане дар "Корвон" ҳадафи ғоратгарӣ қарор қарор гирифтааст.
ВУД мегӯяд, ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 22-сола, сокини ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намуда, арз доштааст, ки дар назди бозори "Корвон" ҳадафи ғоратгарӣ қарор гирифтааст.
Ӯ изҳор доштааст, ки дар рӯзи равшан шахси номаълуме бо роҳи ошкоро аз гарданаш як гарданбанди тилоиашро канда гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Арзиши гардандбанди тилоии ситондашуда 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ гардидааст.
Дар Русия имкон дорад, ифшои миллияти ҷинояткоронро манъ кунанд: тафсилоти қонун
Ба иттилои ВУД, маъмурини милиса ҷавони 21-сола, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ғорат дастгир кардаанд. Феълан муттаҳам дар боздошт буда, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.
Инчунин соҳибкорони бозори "Фаровон-Қӯрғонтеппа"-и шаҳри Бохтар аз дуздида шудани молҳояшон шикоят карда, зарари расондаро дар панҷ ҳолат 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардаанд.
ВУД мегӯяд, феълан бо иттиҳоми ин дуздӣ ҷавони 18-сола, сокини шаҳри Бохтар дастгир гардида, феълан тафтишот идома дорад.