Дар Русия имкон дорад, ифшои миллияти ҷинояткоронро манъ кунанд: тафсилоти қонун

Муаллифони тарҳи қонун мегӯянд, зикри миллату мазҳаб боиси низоъ дар ҷомеа мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ба Думаи давлатии Федератсияи Русия лоиҳаи қонуне пешниҳод шудааст, ки он манъи ифшои миллияти ҷинояткоронро дар ВАО пешбинӣ мекунад. Лоиҳае, ки порлумони Чеченистон таҳия кардааст, дар пойгоҳи электронии палата нашр шудааст.
Муаллифони лоиҳаи қонун таъкид кардаанд, ин ташаббус ба ҳифзи ҳамгироии мардуми Русия, ки миллатҳои мухталиф доранд, мусоидат хоҳад кард.
Ба бовари вакилони порлумон, ин гуна иттилоот таҳқири эҳсосоти миллӣ ва мазҳабии “шаҳрвандони поквиҷдон, муътабар, боимон, ки ба фаъолияти ҷиноӣ рабте надоранд”, арзёбӣ мешавад.

"Дар кишвари сермиллати мо ҳар як сухане, ки аз беандешагӣ ва беэҳтиётӣ гуфта мешавад, метавонад ба як таркиши иҷтимоӣ табдил ёфта, боиси барангехтани хусумати байни миллатҳову мазоҳиб бо оқибатҳои пешгӯинашаванда дар кишвар гардад", - гуфтаанд муаллифони лоиҳаи қонун.

Ба андешаи муаллифони лоиҳа, бетаваҷҷуҳӣ ба ин мавзуъ боиси пайдо шудани матолиби зиёди иғвоангезе мешавад, ки дар бораи мардум ва диндорон андешаи манфӣ ба вуҷуд меорад. Вакилони порлумон бовар доранд, ки ин боиси маҳдуд шудани ҳуқуқи онҳо ё содир шудани амалҳои зӯроварӣ мегардад.
Гузоришҳои расонаӣ дар ҷомеа шиддатро зиёд карда, хатари муноқишаро бештар мекунанд.
Афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон дар Русия
Қаблан дар бораи манъи зикри миллияти ҷинояткорон Илдар Аляутдинов, муфтии Маскав низ изҳори назар карда буд.
Ӯ пешниҳод кард, ки миллияти шахс ҳангоме ки кори хуб карда бошад, нишон дода шавад, хуб мешавад.
Ин мушкилот дар маъмурияти президенти Федератсияи Русия низ ба миён гузошта шудааст. Ба гуфтаи муовини раиси он, Магомедсалам Магомедов, таҷрубаи зикр ва таъкиди миллати ҷинояткорон дар расонаҳо нигарониро ба бор оварда, ба ҷиноятҳо ранги байнимиллӣ дода мешавад ва ин қобили қабул нест.