ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Маскав намоиши мусаввараҳои рассоми Тоҷикистону Русия Аъзам Атаханов зери унвони “Русия — Шарқ. Пайванди пурарзиш” баргузор гардид.
Ин намоишро сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи дидгоҳи стратегии “Русия - Ҷаҳони ислом” ва Намоишгоҳи рассомии "МастАРТ” дар Маркази фарҳангии Вазорати корҳои хориҷии Русия баргузор кард.
Дар намоишгоҳ намояндагони доираҳои эҷодию аҳли ҳунар, вазорату идораҳои Русия, сафоратҳои муқими ин кишвар ширкат карданд.
Омехтаи фарҳанги Шарқу Ғарб
Дар маросими ифтитоҳи намоиш Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия қайд кард, ки ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия нақши муассир дошта, чун анъана дар асоси арзишҳо эҳтиром ба ҳувияти мардуми ду кишвар ва ҳамкории зич дар ҳифзи анъанаҳо ва тамаддуни фарҳангӣ густариш меёбад.
“Тоҷикистон бо ходимони фарҳанги худ, ки бо дастовардҳояшон миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда, асолат, забон ва арзишҳои таърихии онро эҳё мекунанд, ифтихор дорад. Яке аз намунаҳои барҷаста ин эҷоди Аъзам Атаханов мебошад. Асарҳои Аъзам Атаханов бозгӯи таърихи қадима, анъана ва фарҳанги Шарқ ба шумор мераванд, ки хотираҳои ҷолиберо аз гузашта ба ёд меоранд”, - афзуд сафири Тоҷикистон дар Русия.
Наққошиҳои рассоми тоҷик Аъзам Атахонов инъикосгари олами мафтункунандае мебошанд, ки дар онҳо малоику фариштаҳои дорои хусусияти масеҳӣ бо фарҳанги тоҷикона мавқеи хоса доранд.
Дар эҷодиёти Атахонов анъанаҳои фарҳангии форси шарқӣ, санъати пешоҳанги рус ва эҳёи аврупоӣ бо ҳам омезиш мехӯранд.
Дар эҷодиёти рассоми тоҷик анъанаҳои миллӣ ва ё русию аврупоӣ дар алоҳидагӣ кам аккосӣ мешаванд. Вай бисёртар кӯшиш кардааст, бо омезиши фарҳанги Шарқу Ғарб акси оламро нишон диҳад.
Фариштаҳои масеҳӣ дар Тоҷикистон
Ҳангоми эҷод рассом бо хусусиятҳои хоси худ ба мавзӯи динӣ мегузарад. Меҳмонҳо бо тааҷҷуб расмҳои ӯро, ки дар онҳо малоики насрониён – Микоил, Ҷабраил ва Рафаил дар либоси тоҷикӣ тасвир ёфтанд, тамошо мекарданд.
Бо ин роҳ мусаввир кӯшиш кардааст, хусусиятҳои хоси дини насрониро бо фарҳанги тоҷикӣ омезиш диҳад.
Дар ҳамин ҳол дар асарҳои Аъзам Атахонов бештар зебоиҳои табиат, офаридаҳои дасти инсон, меъморӣ, боғу деҳот, хона ва ҳунарҳои мардумӣ таҷассум ёфтаанд.
Тавре Татяна Хазова, муовини раиси Гурӯҳи дидгоҳи стратегии “Русия - ҷаҳони ислом”, мудири намоишгоҳи “МастАРТ” мегӯяд, Аъзам Атахонов мавзуъ ва образҳои кории худро аз Тоҷикистон, бахусус аз манзараҳои зодгоҳаш, деҳаи Лучоб пайдо мекунад. Чеҳраҳои асосӣ дар наққошиҳои ӯ худи инсон мебошад.
“Қаҳрамонҳои асосии тасвиркардаи ӯ бо либос ва тоқии миллӣ бовиқор дар гирди дастархон чой менӯшанд, дар сояи дарахтон истироҳат ва ё оромона саёҳат мекунанд. Ғизоҳои миллии тоҷикӣ қариб дар ҳамаи эҷодиёти ӯ мавқеи хос дорад”, - гуфт хонум Татяна.
Мудири намоишгоҳи “МастАРТ” илова кард, ки Аъзам Атахонов дар осори худ фарҳанги Шарқро бо Ғарбу Русия омезиш додааст. Вай ҳамчунин гуфт, ин аз беҳтарин шеваҳои маррафии фарҳанги Тоҷикистон дар ҷоемаи байналмилалӣ аст.
Хонум Хазова илова кард, ки намоишгоҳ дар чаҳорчӯби таҷлили Рӯзи байналмилалии санъати исломӣ таҳти сарпарастии ЮНЕСКО баргузор шуд.
Мудири намоишгоҳи “МастАРТ” ҳамзамон хабар дод, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистону Русия барои рассомони ҷавони тоҷик намоишгоҳҳои хос ташкил карда мешавад. Ҳадаф аз баргузории чунин намоишгоҳҳо ошноии ҷомеаи Русия ба рассомони ҷавони тоҷик мебошад.
Бояд гуфт, дар идомаи ин намоиш ба меҳмонон филми мустанаде дар бораи фаъолияти эҷодии рассоми тоҷик намоиш дода шуд, ки он ба меҳмонон таассуроти рангину хотирмон бахшид. Намоиши асарҳои рассом зери наво мусиқии миллии тоҷикӣ баргузор шуд.
Шарҳи ҳоли Аъзам Атахонов
Аъзам Атахонов зодаи Душанбе, хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии пойтахт ва Омӯзишгоҳи олии расомӣ-саноатии Маскав ба номи Строганов мебошад. Аз соли 1989 дар Маскав зиндагӣ мекунад. Аз соли 1990 ба ҳайси аъзои Шӯрои рассомони Русия пазируфта шудааст.
Асарҳои Аъзам Атахонов дар Осорхонаи давлатии санъати халқҳои шарқи Маскав, Осорхонаи санъати тасвирии Тотористон, Осорхонаи санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод дар Душанбе ва дар дигар мавзеъҳои нигоҳдории дохилию хориҷии Русия маҳфузанд.