Аксҳо аз лаҳзаи ҳамлаи мошин ба режаи солинавӣ дар Амрико

Мошини сабукрав бо суръати баланд сӯи издиҳоми мардум ҳаракат кард ва чандин нафарро аз по афтонд
Sputnik
1 / 12

Дар Амрико як мошин ба сӯи издиҳом ҳаракат кард ва чанд нафарро пахш кард

2 / 12

Ин ҳодиса замоне иттифоқ афтод, ки шумори зиёди сокинони Висконсин ба гузашти солинавӣ баромаданд

3 / 12

Сокинони ин шаҳр барои таҷлил аз ин рӯз дастаҷамъона ба кӯчаҳо рехтанд ва роҳпаймоӣ намуданд

4 / 12

Хурсандии ин мардумро маҳз ҳамин мошин ба мотам табдил дод

5 / 12

Мошин бо суръати ниҳоят баланд ба сӯи издиҳом ҳаракат кард, ки дар натиҷа чанд нафар зери чарх монданд

6 / 12

Мошин теъдоди зиёди мардумонро пахш карду кӯшиш намуд, ки аз ҷойи ҳодиса фирор кунад

7 / 12

Ба захмиёни ин ҳодисаи даҳшатбор зуд кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуд

8 / 12

Миёни маҷрӯҳону ҷонбахтогон кӯдакон ҳам қарор доштанд

9 / 12

Бар тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, дар ҳодиса дасти кам 5 нафар кушта шуданд

10 / 12

То ҳол расман теъдоди қурбониёну захмбардоштагон дақиқ нашудааст

11 / 12

Беш аз 20 нафарро бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол доданд

12 / 12

Маълум аст, ки дастандаркори ин ҳодиса боздошт шуд, вале пулис алъон ҳуввияти ӯро ошкор накардааст