Соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ меҷӯянд

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон аз баргузории нишасти соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон дар шакли маҷозӣ хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Олмон, нишасти соҳибкорон санаи 25 ноябр соли равон баргузор мегардад.
Тибқи иттилои манбаъ, ин ҳамоиши доираҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Лаҳистон бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Лаҳистон ва иштироки бевоситаи палатаҳои савдо ва саноати Лаҳистону Тоҷикистон сурат мегирад, бо инобати муқаррароти пандемӣ дар шакли маҷозӣ баргузор хоҳад шуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар ҷараёни форум ҷонибҳо метавонанд бо хусусиятҳои хоси иқтисодии Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ, механизмҳои мавҷуда ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи кишвар барои ширкатҳои хориҷӣ шинос шаванд.
Чунинро интизор набудем: табибони Лаҳистон дар бораи мубориза бо сovid 19 дар ВМКБ
“Қарор аст, ҳамчунин абзорҳои иловагии таҳкими ҳамкорӣ ва имкониятҳои маблағгузории лоиҳаҳои муштарак низ баррасӣ гарданд. Форуми мазкур барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, инчунин барои бизнес-форуми ҳузурии доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва Лаҳистон, ки баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, заминаҳои бунёдӣ ба вуҷуд меорад”, - қайд кардааст сафорати Тоҷикистон дар Олмон.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки бо мақсади татбиқи марҳилаҳои асосии стратегияи миллии саноатикунонии босуръат Тоҷикистон тасмим дорад, сармоя ва технологияҳои кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Лаҳистонро барои коркарди маҳсулоти ватанӣ ва захираҳои табиӣ ҷалб ва ворид намояд.
Зикр шудааст, ки пас аз дохил шудани Тоҷикистон ба низоми GPS+ кишвар имконияти васеъгардонии содироти маҳсулот ва моли худ ба Лаҳистон ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро хоҳад дошт.
Тибқи омори расмии Лаҳистон, соли 2020 ҳаҷми содироти ин кишвар ба Тоҷикистон 17,4 миллион ва воридот ҳамагӣ 1,5 миллион долларро ташкил додааст.