ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, гуфт тавлиди ғизо дар дохили ҷумҳурӣ зиёд шудааст.
Ӯ зимни ҷаласаи ахири парлумон дар посух ба суоли вакилон гуфт, аз сабаби он ки соли равон истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ватанӣ зиёд гардид, воридоти онҳо кам шуд.
"Ин раванд хуб ҷараён дорад. Мо баҳри он кӯшиш мекунем, ки дар бозору мағозаҳои кишвар молҳои истеҳсоли ватанӣ бештар шавад", - изҳор дошт вазир.
Вай таъкид кард, ки барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда хеле зарур аст. Шералӣ Кабир дар ҳузури вакилон гуфт, талошо мекунад, ки ин равандро боз ҳам бештар суръат бахшад.
Ин изҳороти вазир дар ҳоле садо дод, ки вакилон дар ҷаласаи ахири парлумон масълаи тавлиди маҳсулоти воридотивазкунандаро ба миён гузоштанд.
Дар зимн зикр шуд, ки тайи 9 моҳи соли равон воридоти андоз аз ҳисоби молу маҳсулоти воридотӣ кам гардид. Вазири саноат ин ҳолатро ба зиёд шудани тавлидоти дохилӣ рабт дод.