Се одати рӯзмарра, ки умрро дароз мекунад

Мутахассисон се роҳи осони дароз кардани умр ва ҷилавгирӣ аз пиршавии бемаҳалро муайян кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Доктор Дэвид Синклер аз Австралия усули кам кардани хатари гирифторӣ ба бемориҳои синнусолӣ, аз қабили фишорбаландию қандро тавзеҳ додааст, навиштааст РИА "Новости" бо такя ба нашрияи бритониёии "Daily Express".
Ба иттилои манбаъ, муҳим аст, ки ҳамарӯза бадан витамини D-ро қабул кунад, чун сатҳи ин витамин бо хатари марг бархӯрд мекунад. Ин витамин, ки одатан бар асари таъсири нурҳои офтобӣ дар бадани инсон ҳосил мегардад, тирамоҳу зимистон одатан кам мешавад.
Шералӣ Кабир: Кӯшиш мекунем, дар бозор моли тавлиди Тоҷикистон бештар бошад
Таъкид шудааст, ки дар фасли сармо витамини D-ро метавон дар шакли иловаҳо истеъмол кард.
Инчунин Синклер тавсия додааст, ки ҳамарӯза ҳудуди як ҳазор миллиграмм антиоксиданти ресвератрол истеъмол бояд карда шавад, ки аз фишорбаландӣ, саратон, бемории қанд, фарбеҳӣ одамро муҳофизат мекунаду пеши роҳи пиршавии пеш аз муҳлатро мегирад. Антиоксиданти мазкур дар таркиби винои сурх ва бархе маҳсулоти дигар мавҷуд мебошад.
Маслиҳати сеюм барои дарозумрӣ истеъмоли ками қанд мебошад, ки дар сурати аз меъёр зиёд шудани он ба бемориҳои дилу раг ва диабет оварда мерасонад.