Рӯзи 21-уми ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?
Соли 1847 дар кӯли Мичигани ИМА киштии Голландия "Финикс" оташ гираифт, ки дар натиҷа 240 нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1892 дар Порис Ҳизби сотсиалистии полякҳо таъсис дода шуд.
Соли 1949 Ассамблеяи Генералии СММ барои пурра мустақил гардидани мустамликаҳои собиқи Италия овоз дод.
Соли 1972 дар ҷаласаи 17-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО Ҷумҳурии Демократии Олмон ба ҳайати он ворид карда шуд.
Соли 1996 дар қароргоҳи СММ аввалин форуми байналмилалии телевизионӣ баргузор гардид.
Рӯзи 21-уми ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2002 дар шаҳри Млада Болеславии Ҷумҳурии Чехия зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайати расмии чех ва ширкати автомобилсозии машҳур "Шкода авто" масъалаи дар шаҳри Душанбе кушодани фурӯшгоҳи автомобилии мазкур баррасӣ гардид.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ҳайати парлумони Иттиҳоди Урупо дар бораи робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Урупо баррасӣ шуд.
Соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии "Рақс моро муттаҳид мекунад" барпо гашт.
Ҷашнҳои 21 ноябр
Рӯзи байналмилалии телевизион.
Рӯзи ҷаҳонии салом.
Дар Русия – Рӯзи кормандони сохтори андоз.
Дар Камбоҷа – Фестивали об.
Рӯзи 21-уми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?
Соли 1925-2001 – ҳунарманди театр, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Маҳмуд Тоҳирӣ.
Соли 1938 – адабиётшинос Юсуф Акбарзода.
Соли 1951 – журналист Шогун Назриев.
Соли 1952 – нависанда, ҳаҷвнигор Наҷмиддин Шоҳинбод.