Суратгирони 47 кишвари ҷаҳон дар озмуни "Photography Natural Landscape 2021" ширкат карданд. Ҳакамони бонуфуз ҳазорон акси ҳайратангези табиатро баррасӣ карда, беҳтаринҳоро интихоб карданд.
Шарти асосӣ мавҷуд набудани эффектҳои махсус буд, ки бидуни он ҳеҷ як тасвир имрӯз вуҷуд надорад. Барои ба ҳайрат овардани тамошобинон, аксбардорон аксари вақт аз "Photoshop" ва дигар барномаҳои вероишии тасвирҳо истифода мекунанд.
Аксҳое, ки ба озмун пешниҳод шудаанд, зебоии воқеии табиатро нишон медиҳанд. Ба ғолибони озмун ҷоиза, аз як ҳазор то панҷ ҳазор доллар ва дурбинҳои замонавӣ тақдим шуд.