ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Зани ҷавон дар пайи муноқишаи оилавӣ шавҳарашро бо табар куштааст, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Тибқи гузориши ин ниҳод, ҳодисаи куштори даҳшатбор дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ошкор шудааст.
Гуфта мешавад, ки зани 36-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир шуд.
Номбурда шаби 18-уми ноябр, тахминан соати 21:50-дақиқа, аз сабаби муноқишаи оилавӣ шавҳараш, марди 40-солаи сокини ҳамон ҷоро бо табар 4 бор ба сараш задааст.
"Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.