Ҳодисаи нохуш дар терминали мусофиратии Турсунзода: Ронанда посбонро пахш кард

Торикии ҳово боиси он шуд, ки ронандаи терминали мусофиратии Турсунзода посбони онро кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода як ҳодисаи нохуш сурат гирифтааст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ин ниҳод аз фавти посбони 81-солаи он хабар медиҳад, ки бинобар торикӣ зери чархи мошин мондааст.
Марҳум, ки дар ҶДММ "Ваҳдат" ба ҳайси посбон кор мекард, аз ҷониби ронандаи ҳамин корхона пахш шуду ҷон бохт.
Сокини Хоруғ бо автомашинаи "Toyota Kemry" кӯдаки 5 - соларо пахш кард
Манбаъ меафзояд, ронандаи 49-солаи автомашинаи тамғаи "ДАФ ХФ-105", ки сокини шаҳри Турсунзода мебошад, шомгоҳ, аснои ворид намудани мошин ба терминали мазкур посбонро пахш кард. Иллати сар задани ин ҳодисаи нохушро вазорат ба торикӣ рабт дод.

"Бинобар торик будани ҳаво яке аз посбонони терминали мазкур, марди 81-сола, сокини шаҳри мазкур зери чархи мошин монд ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид", - омадааст дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.