Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки хона - музейи Айнӣ тахрибу кӯчонда нашавад

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор содир кардааст, ки хона-музейи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон тахриб нашавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе бо нашри як иттилоия гуфт, хона-музейи Садриддин Айнӣ кӯчонда ё тахриб намешавад.
Хона-музейи адиб, олим, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин президенти Академияи илмҳо ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе воқеъ буда, хабари кӯчондани он боиси норозигии намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа гардид.
Шаҳрдорӣ таъкид намудааст, ки Рустами Эмомалӣ бо назардошти пешниҳоду дархостҳо ва ибрози андешаи як зумра олимону нависандагони кишвар дастур додааст, ки хона-музей тахриб нашуда, ҳифзи минбаъдаи он таъмин шавад.
Ҳукумати Душанбе хабари тахриби хона-музейи Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистонро шарҳ дод
"Ҳамчунин ба сохторҳои дахлдор супориш додаанд, ки гирду атрофи осорхона ободу зебо нигоҳ дошта шуда, мунтазам корҳои сабзкориву гулзоркунӣ амалӣ карда шавад", - омадааст дар иттилоия.
Садриддин Айнӣ, адиби барҷаста, олим ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон мебошад, ки хона-музейаш соли 1978, дар садсолагии зодрӯзаш ташкил шуда, феълан дар ихтиёри Академияи улум қарор дорад.
Айнӣ соли 1878 дар шаҳри Бухоро таваллуд шуда, соли 1954 дар шаҳри Душанбе даргузашт.