Беш аз 100 нафар аз поккорони Суғд кумаки ғизоӣ дарёфт карданд

Работницы коммунальных служб в Душанбе убирают опавшие листья
Ин кумак бахшида ба Рӯзи парчами Тоҷикистон таҳия шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Беш аз 100 нафар поккорони шаҳри Хуҷанд кӯмакҳои ғизоӣ дарёфт карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ин кумак аз ҷониби масъулин ва кормандони ZET-MOBILE бо дастгирии мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд тақдим шудааст.
Кумаки моддӣ ба поккорони шаҳри Хуҷанд
Кумаки моддӣ ба поккорони шаҳри Хуҷанд
Ин кумак бахшида ба Рӯзи парчами Тоҷикистон гуфта мешавад, ки аз маводи ниёзи аввал, аз қабили орд, шакар, рӯған, биринҷ, макарон, марҷумак, чойи хушк ва ғайра иборат аст.
Неделя культуры Бадахшана в Согде
Садҳо ҷӯроби помирӣ: тӯҳфа ба кӯчарӯбҳои пойтахт барои меҳнати пурмашаққат - навор
Мақомдорон рӯбандаю назофаткоронро гуфтаанд, ки заҳмати шабонарӯзии ҳар яке аз онҳоро қадр мекунанд.
"Аз фаъолияти бомаром ва самаровари шумоён тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад", - гуфтаанд масъулин.
Манбаъ афзуда, бахусус дар замони паҳншавии бемориҳои сироятӣ мо бояд дар ҷодаи ободонию тозагӣ масъулияти бештарро ҳис намоем.