Толибон ба Владимир Путин сипос гуфтанд

Мирвайс Ватанмол, раиси Идори ҳолатҳои изтирории Кобул гуфт, шаҳрвандони Афғонистон ба маводи ғизоӣ ва доруворӣ шадидан ниёз доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Мақомоти Кобул аз раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва Вазорати дифои ин кишвар барои интиқоли кумаки башардӯстона изҳори сипос намуданд.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли раиси Идораи ҳолатҳои изтирории Кобул Мирвайс Ватанмол хабар дод.

"Ташаккури зиёд ба президенти Русия, Вазорати дифоъ ва шахсан ба вазири дифои Русия Сергей Шойгу. Мо хеле шодем ва интизори кумакҳои нав ҳастем", - омадааст дар хабар.

Ватанмол дар идома вазъи феълии Афғонистонро басо мураккаб арзёбӣ карда гуфт, кумакҳои ирсолнамудаи Русияро ба ниёзмандон дар Кобул тақсим мекунанд.
Маскав ба Афғонистон чӣ кумак ирсол мекунад?
Ба гуфтаи ӯ, ноамниҳои ахир боис шуданд, ки муҳоҷирати дохилӣ дар Афғонистон рӯ ба афзуншавӣ ниҳад. Ва аксари муҳоҷирон маҳз маскуни Кобул шуда, дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор доранд, илова намуд ӯ.
Ин мақомдори ҳукумати толибон мегӯяд, зимистони дарпешистода мушкили шаҳрвандони Афғонистонро боз дучанд мекунад.
Ёдовар мешавем, ҳавопаймои Вазорати мудофиаи Русия 36 тонна кумакҳои башардӯстонаро ба Кобул бурд. Ин кумакҳо аслан маводи ғизоӣ ва дорувориянд.
Дар ҳамин ҳол сафири Русия дар Афғонистон Дмитрий Жирнов изҳор доштааст, ки Русия тасмим гирифтааст, беш аз 100 тонна кумакҳои башардӯстонаро ба Афғонистон фиристад.