Русия: Вазъияти нигаронкунандаи Афғонистон далели хуруҷи шаҳрвандон аст

Сухнагӯи Кохи Кремлин гуфтааст, ки далели хуруҷи шаҳрвандони Русия ва дигар кишварҳо аз Афғонистон вазъияти нигаронкунандаи ин кишвар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин дар бораи хуруҷи хориҷиҳо аз Афғонистон гуфт, ки шаҳрвандони Русия ва кишварҳои дигар аз ин кишвар ба дастури раисҷумҳур Владимир Путин дар иртибот ба вазъияти он тахлия шуданд.
Оқои Песков ба хабарнигорон гуфт: “На танҳо шаҳрвандони Русия, балки шаҳрвандони бархе аз аъзои Созмон Паймони Амнияти Дастаҷаъмӣ ва соири кишварҳо низ вуҷуд доранд. Вазъият дар он ҷо воқеан нигаронкунанда ва ноором аст”.
Сафири Русия дар Кобул: Афғонистон ба тарафи қаҳтӣ равон аст
Вазорати дифои Русия бо нашри ин хабар мегӯяд, ҳавопаймоҳои Ил-76-и Русия беш аз 36 тонна маҳмулаи кумакҳои башарии Русияро ба Афғонистон интиқол доданд.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи толибон гуфт, Русия 108 тонна маводи хурокӣ ба Афғонистон кумак мекунад ва ин кумакҳо дар се марҳила анҷом мешавад. Ба гуфтаи Муҷоҳид, дувумин маҳмулаи кумакҳои башарии Русия дар рӯзҳои оянда ба Афғонистон таҳвил дода мешавад.