ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар тамриноти муштараки СААД "Кобалт-2021" дар Тоҷикистон низомиёни бахши истихборотии пойгоҳи 201-уми Русия бори аввал аз автомати АК-12 истифода мекунанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Вазорати дифои Русия.
"Дар доираи машқҳо дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон аввалин бор автомати АК-12, ки ба наздикӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, истифода мешавад", — омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ин гурӯҳи автоматҳо силоҳҳои пешини пойгоҳи 201, аз қабили АК-74 РВБ-ро иваз мекунанд.
Пештар хидматчиёни ҳарбӣ аз автомати нав танҳо ҳангоми тамриноти ғайритактикӣ, дар машқҳои тирандозии назоратӣ истифода мекарданд.
Қобили зикр аст, ки АК-12 як автомати 5,45-милиметрии комилан нав мебошад. Онро корхонаи "Калашников" таҳия кардааст.
Дар муқоиса бо навъҳои қаблии автоматҳои АК-74М ва АКМ ин силоҳ ба ҳадаф дақиқтар исобат мекунад.
Дар Тоҷикистон тамринҳои низомии кишварҳои узви СААД "Кобалт - 2021" оғоз шуданд.
Дар тамринҳои низомӣ нерӯҳои вижаи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нерӯҳои вокуниши сареи СААД, инчунин Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-и Русия ширкат мекунанд.
Марҳилаи муҳими машқҳои махсуси тактикии "Кобалт-2021" 19 ноябр баргузор мешавад.