ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе мулоқоти Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Муриел Шулер, мудири минтақаии савдои ширкати “Landgart AG” ва намояндаи тиҷоратии ин ширкат Томас Лиро баргузор шуд.
Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода зимни мулоқот таъкид доштааст, ки Тоҷикистон ба масоили муҳими ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд ва тибқи маълумоти дастрасгардида, маҳз истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза яке аз афзалиятҳои ширкати “Landgart AG” ба ҳисоб меравад.
“Аз ин лиҳоз мехостем дар бораи раванди барориши пулҳои коғазӣ ва такмили унсурҳои ҳимоятии он дар ширкати Шумо маълумоти бештар дошта бошем”,-қайд кард Раиси БМТ.
Гуфт шудааст, ки намояндагони ширкати “Landgart AG” доир ба тамоми паҳлуҳои фаъолияти ширкати хеш, аз ҷумла дар бораи хусусиятҳои хоси раванди истеҳсоли коғази аълосифат, барориши пулҳои коғазӣ ва такмили унсурҳои ҳимоятии он, ҳамкорӣ бо бонкҳои марказии кишварҳои гуногун бо истифода аз рӯнамо маълумот манзур намуданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки зимни мулоқот, ҳамчунин имкониятҳои ҳамкории минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати “Landgart AG” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Намояндагони ширкат раиси Бонки миллии Тоҷикистонро барои ва шиносоии наздик бо фаъолияти ширкат ба қароргоҳи марказии “Landgart AG” даъват карданд.
Ширкати “Landgart AG” соли 1872 дар Швейтсария таъсис ёфта, асосан ба истеҳсоли коғазҳои аълосифат барои барориши пулҳои коғазӣ, коғазҳои қиматнок ва намудҳои дигари ҳуҷҷатҳо бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои муосири илмиву технологӣ машғул аст.
Ширкат бо бонкҳои марказии беш аз 50 давлати дунё, ба мисли Швейтсария, Қазоқистон, Камбоҷа, Малайзия ва Марокаш дар самти барориши пулҳои коғазӣ ва такмили унсурҳои ҳимоятии пул ҳамкорӣ дошта, яке аз афзалиятҳои он истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Ёдовар мешавем, чопи сомониро ширкати “Giesecke+Devrient” аз соли 1999 ба зимма дорад, ки шартномааш бо БМТ соли равон ба поён мерасад.