ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Вазорати умури хориҷии толибон, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст, бо ирсоли як нома аз Конгресси ИМА хостааст, дороиҳои ҳукумати собиқи ин кишварро озод кунад.
Матни ин паёмро рӯзи чаҳоршанбе дар саҳифаи "Twitter"-и худ Муҳаммад Наим, намояндаи дафтари сиёсии толибон дар Қатар нашр намуд.
Дар номае, ки Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии кобинаи муваққати толибон имзо кардааст, таъкид мешавад, ки мунҷамид кардани захираҳо ва "таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи толибон" метавонад ба низоми беҳдошту маориф низ таъсири манфӣ расонад.
Дар ин паём ҳамчунин гуфта мешавад, ки таъмини “амнияти молӣ” дар ҳоли ҳозир мушкили аслии мардуми Афғонистон аст. Ба гуфтаи толибон, дар сурати идомаи вазъи кунунӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон метавонанд ба мавҷи муҳоҷират аз Афғонистон ва дар натиҷа мушкилоти нави башарӣ мувоҷеҳ шаванд.
Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз он ҷо берун мекунад, амалиёти густурда барои истиқрори назорат бар Афғонистонро оғоз карданд. Пас аз он ки онҳо вориди Кобул шуданд, раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кард ва маъмурияти Вашингтон захираҳои давлатии ҳукумати барканоршудаи Афғонистонро дар бонкҳои Амрико ҳабс кард, то толибон ба он даст наёбанд.
Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ низ кумак ба Кобулро қатъ кардаанд. Маблағи умумии маблағҳои боздошташуда тақрибан 9,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.