ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Раиси пойтахт Сергей Собянин гуфт, шумори муҳоҷирон дар сохтмонҳо дар доираи барномаи навсозии Маскав бояд кам карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар чунин корҳо бояд худи шаҳрвандони ин кишвар бо маоши бештар ҷалб шаванд.
"Аз минтақаҳои наздик бештар русҳоро ҷалб намоед, бо маош ва шароити хуби корӣ таъмин кунед", - таъкид намудааст Собянин ба мудири корхонаи "Крост" Алексей Добашин.
Дар ҳамин ҳол Сергей Собянин ваъда додааст, ки барои ин ҳадафҳо ҷой интихоб намуда, корхона бунёд мекунад.
Аммо Добашин қайд намудааст, ки давоми як соли ахир шумораи хориҷиён дар сохтмонҳои Маскав ҳудуди 15 фисад коҳиш ёфтааст.
Ӯ таъкид намуд, ки ба бинокорони дорои ихтисоси хуб аз 120 то 150 ҳазор рубл музд дода мешавад. Аммо чунин маошро танҳо шаҳрвандони Русия гирифта метавонанду халос.
Қаблан гуфта мешуд, мақомоти пойтахти Русия тарҳи ҳалли буҳрони кадрӣ дар сохтмонҳоро омода мекунанд, ки он дасткашӣ аз истифодаи нерӯи кории муҳоҷиронро дар бар мегирад.