ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Резиши барф дар роҳи Душанбе - Чаноқ боиси муваққатан маҳдуд шудани ҳаракат барои мошинҳои боркаш гашт. Дар ин бора ширкати IRS дар сафҳаи "Facеbook"-и худ хабар дод.
"Иттилоъ медиҳем, ки бинобар бориши шадиди барф ва бо мақсади эҷод накардани монеа ба гузариши дигар автомобилҳо барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти притсепдор маҳдудият (аз як то се соат) ҷорӣ шудааст", - омадааст дар хабари ширкат.
Зимнан кормандони ин ширкат аз ронандагон даъват намудаанд, ки аз тавсияҳои КҲФ, БДА ва дигар сохторҳои дахлдор кор бигиранд.
Ширкати мазкур, ки нигаҳдории роҳи Душанбе - Чаноқро ба зимма дорад, мегӯяд, мунтазам роҳро аз барф тоза мекунад ва барои ҳаракати бехавфи мошинҳо дар роҳ маводи зиддилағжиш пошидааст.