ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Аз 15 то 20 ноябр дар пойгоҳи ҳарбии Фахрободи Тоҷикистон таҳти унвони “Кобалт-2021” бо иштироки воҳидҳои таъйиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва қувваҳои зудамали фаврии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ (СААД) машқҳои махсуси тактикӣ баргузор мегардад, иттилоъ додааст ВКД-и Тоҷикистон.
Машқҳои махсуси тактикӣ бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалии сохторҳои қудратӣ ва низомӣ дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир роҳандозӣ гардидаанд.
Барои иштирок дар ин машқҳо ҳайати намояндагони кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва СААД ба Тоҷикистон омаданд.
Ҳамчунин воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон дар машқҳои тактикӣ фаъолона иштирок намуда, малакаю маҳорати худро такмил дода, табодули таҷриба менамоянд.
Манбаъ зикр кардааст, ки марҳилаи фаъоли машқҳои махсуси тактикӣ таҳти унвони “Кобалт-2021” 19 ноябр дар назар дошта шуда, дар тамрини мазкур роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қудратии Тоҷикистон, намояндагони якчанд корпуси дипломатии давлатҳои аъзои СААД иштирок менамоянд.