Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни тағйироти кадрӣ роҳбарони ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъаро иваз кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Ҷабори Қосим аз вазифаи раиси Ванҷ барканор гардида, ба ҷояш Мардзода Одинашо Миршаб таъйин шудааст.
Дар фармони раисҷумҳур сабаби барканории Ҷабори Қосим гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо феълан маълум нест, ки ӯ чӣ вазифа мегирад.
Тавре аз ҳукумати ВМКБ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, Мардзода Одинашо Миршаб, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷ таъйин шудааст, ки қаблан дар мақоми роҳбари Раёсати маорифи ВМКБ фаъолият мекард.
Барканорӣ ва мансаби нави бародарзодаи Қоҳир Расулзода
Бо фармони дигари раисҷумҳур Назаршозода Лоиқ низ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа озод карда шудааст.
Шомирзозода Аъзам Мирмамад иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа таъйин шудааст.
Дар маҷмуъ раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17 ноябр бо имзои фаромине роҳбарони беш аз 10 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро иваз кард.