Вазъият дар марзи Белорус ва Лаҳистон якбора тезу тунд шуд - видео

Тачаммуи муҳоҷирон дар марзи Лаҳистон талош карданд, девори марзиро рахна кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Нерӯҳои амниятии Лаҳистон муҳоҷиронро бо гази ашковар ва норинҷакҳои садодор аз хатти марзӣ дур мекунанд, менависад Sputnik Беларус.
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи сешанбе гурезаҳое, ки аз Беларус тавассути Лаҳистон ба Олмон рафтанӣ ҳастанд, якбора ба шикастани симхор ва сангандозӣ ба сӯйи марзбонони Лаҳистон шуруъ карданд.
Дар посух бар зидди онҳо аз гази ашковар ва норинҷакҳои садодор истифода шуд.
Якеро дафн карданд: Шаби сахти муҳоҷирон дар марзи Беларусу Лаҳистон - тасовир
Ба ин тартиб, нерӯҳои амниятии Лаҳистон талош доранд, муҳоҷиронро ба тарафи Белорус тела кунанд. Ва дар ин кор муваффақ ҳам шуданд.
Гурезаҳо мунтазири он ҳастанд, ки кай газ ва оби низомиён тамом мешаванд.

Вазъият дар марз

Ҳанӯз тобистони имсол дар марзи Беларус бо Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтика теъдоде аз паноҳандаҳо аз Ховари Миёна ва Африқо, ки мехоҳанд ба Аврупои Ғарбӣ гузаранд, афзоиш ёфта буд.
Вазъият 8 ноябр, вақте ки тақрибан ду ҳазор нафар дар марз ҷамъ омад, вахим шуд.
Рӯзи 12-уми ноябр як гурӯҳи муҳоҷирон тавонист аз тариқи гузаргоҳи Брузгии Беларус вориди қаламрави Лаҳистон шавад.