ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода комилан омодааст. Ин қарорро комиссияи ҶСК "Интер" РАО, ки намояндагонаш нерӯгоҳи мазкурро мавриди санҷиш қарор доданд, қабул кардааст.
Дар асоси санҷиш, нишондиҳандаи омодагии НБО "Сангтӯда-1" ба як баробар аст. Тибқи методологияи тасдиқшуда, ин баландтарин арзёбӣ буда, маънои онро дорад, ки нерӯгоҳи барқи обӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 пурра омодааст.
Гуфта мешавад, аз моҳи июн то ҳол дар нерӯгоҳи мазкур барои даври зимистонгузаронӣ корҳои омодагӣ ҷараён дошт. Зикр гардид, ки таҷҳизоти асосӣ ва иншооти гидротехникии истгоҳ таъмир шудааст.
Дар асоси санади санҷишӣ, нерӯгоҳи "Сангтӯда -1" шаҳодатномаи омодагӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022-ро гирифт.
"Сангтӯда-1" як нерӯгоҳи барқи муштараки Русияву Тоҷикистон аст, ки моҳи феврали соли 2005 дар рӯдхонаи Вахш таъсис ёфтааст.
Саҳми Федератсияи Русия дар сармояи оинномавии "НБО Сангтӯда-1" 75 дарсад ва саҳми Тоҷикистон 25 фисадро ташкил медиҳад. Русия дар сохтмони нерӯгоҳи мазкур 16 миллиард рубл сармоягузорӣ кардааст. Нахустин агрегати он моҳи январи соли 2008 ба кор даромад.